ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Баҳодур Усмонов ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт

Ноябрь 5, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 05.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи чоруми Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони Урдун  Тоҷикистонро  2 муштзан -Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кг ва Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кг намояндагӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Осиё. Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввал рақибаш Нодир Бадрон  аз кишвари Кувайт барои рақобат ҳозир нашуда буду бо пирӯзии техникӣ ба марҳилаи чорякниҳоии  мусобиқа баромад.

Рақиби Баҳодур дар ин марҳила  муштзани тайландӣ  Сомчай  Вонгсуван гардид. Соли гузашта муштзани тайландӣ  дар ҳамин марҳила муқобили Баҳодур пирӯз шуда буд. Баҳодур тавонист, ки бо як маҳорати баланд  муқобили  Сомчай Вонгсуван  бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз гардад ва ба даври 1/4-ниҳоӣ роҳашро ҳамвор созад.

Рӯзи 6-уми ноябр Баҳодур дар даври чаҳорякниҳои рақобатро  муқобили муштзани туркманистонӣ Хурсанд Иманкулиев идома медиҳад.

Хусравхон Раҳимов дар даври аввал аз намояндаи Тайпеи Чин Чэн  Вэй-Ли бо ҳисоби 1 бар 4 мағлуб шуда, аз идомаи иштирок дар  чемпионат маҳрум гашт.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони кишвари Урдун аз  1 то 12-уми ноябр идома меёбад.

АКС: Федератсияи бокси Осиё

Ноябрь 5, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад