ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Баҳодур Усмонов ба даври дуюм роҳ ёфт, вале Шаббос Негматуллоев ноком шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони Урдун бе мушкилӣ ба даври дуюм роҳ ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Рақиби Баҳодур Нодир Бадрон аз кишвари Кувайт барои рақобат бо Усмонов ҳозир нашуд. Ҳамин тавр пирӯзӣ насиби Баҳодур шуд ва ӯ рақобатро дар даври баъдӣ идома медиҳад.
Рақиби Баҳодур дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ муштзани тайиландӣ Сомчай Вонгсуван аст. Рақобат 4 ноябр баргузор мегардад. Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта дар марҳилаи ҳаштякниҳоии Чемпионати Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов аз Сомчай Вонгсуван мағлуб гардида буд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80 кг дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба бокс дар Урдун ноком шуд.
Дар даври аввал Шаббос бо намояндаи Ҳиндустон — Лакшюа Чаҳар қуввазмоӣ кард, ки дар натиҷа муштзани ҳиндустонӣ ғолиб шуд.
Дар 5 даври рақобат бартарӣ пурра насиби Лакшюа Чаҳар шуд.
Ҳамин тавр, Шаббос Негматуллоев аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони кишвари Урдун аз 1 то 12 ноябр идома мекунад.
АКС: ASBC/ТВ «Варзиш»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






