Дар Абузабӣ Конгресси умумиҷаҳонии ВАО баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 ноябр дар толори миллии намоишгоҳи Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб Конгресси умумиҷаҳонии воситаҳои ахбори омма (ВАО) баргузор мешавад, ки дар он хабарнигори АМИТ «Ховар» иштирок менамояд.
Дар конгресс ҳамчунин иштироки намояндагони якчанд расонаҳо ва афроди бонуфузи ҷаҳон, олимону донишҷӯён дар назар аст.
Дар конгресс чанд мавзӯи калидӣ дар соҳаи иртибототи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, технологияҳои пешрафта ва инноватсияҳо дар бахши ВАО баррасӣ шуда, ҷаласаҳои вижаи рӯзноманигорӣ, радио, телевизион, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор мешаванд.
Конгресс майдони ширкатҳои байналмилалӣ хоҳад буд, ки ба кор дар бозорҳои ВАО дар минтақаи Халиҷи Форс, Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ таваҷҷуҳ доранд.
Дар доираи конгресс конфронси ВАО ва намоишгоҳ баргузор карда мешаванд, ки ба ташкилоти гуногуни ВАО имкон медиҳанд созишномаҳои шарикӣ ва ҳамкориро оид ба рушди ғояҳои худ, ки ба инсоният хидмат мекунанд ва ба ҷомеаҳо тавассути пешниҳоди мундариҷаи муфид ва эътимодбахш равона карда шудаанд, баррасӣ намоянд.
Конгресс марҳилаи сатҳи ҷаҳонӣ буда, дар он харидорон ва фурӯшандагон метавонанд бо зиёда аз 120 ширкати расонаӣ ва саноати истеҳсолӣ мулоқот кунанд, омӯзанд, суҳбат намоянд ва маҳсулоти навро таҳқиқ кунанд.
Конгресс барои гузоштани қадами бузург дар бахши ВАО дар минтақа ва тамоми ҷаҳон имконияти хуб арзёбӣ мегардад.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
Душанбе – Абузабӣ
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад






