15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» бахшида ба 15-умин солгарди таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «15 соли созандагӣ: аз ташаббус то амал ва аз ҷавонӣ то оянда» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ моҳи апрели соли 2011 Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-ро таъсис додааст.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар тӯли 15 соли фаъолияти худ рисолати муҳими тарбияи насли ҷавони ҳизбро ба уҳда дошта, бо ташкили чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсӣ, илмию амалӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва оммавию варзишӣ худро ҳамчун мактаби бузурги ватандӯстиву худшиносӣ муаррифӣ намудааст.
Гуфта шуд, ки сиёсати пайгиронаи давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими истиқлолият, рушди сармояи инсонӣ ва ташаккули ҳувияти шаҳрвандӣ равона гардидааст. Таваҷҷуҳ ба ҷавонон яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти меҳнатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя намуда, онҳоро дар ташаккул ва татбиқи иқдомҳои созандаву ташаббусҳои навоварона дар самти рушди илму техника, технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






