Дар Қазоқистон панҷ нафар ҳангоми ихроҷи газ дар кон ба ҳалокат расиданд

Ноябрь 4, 2022 10:35

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ихроҷи газ рӯзи панҷшанбе, 3 ноябр дар кони вилояти Қарағандаи Қазоқистон рух дод, ки панҷ нафар қурбони ин ҳодиса гардиданд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати ҳолатҳои фақулодаи ин ҷумҳурӣ хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

«Тибқи маълумоти қаблӣ, 3 ноябр, тахминан соати сеи шаб (соати 00:00 ба вақти Москва) дар шаҳри Шахтинск, дар кони ба номи Ленин (ҶС «Арселор Миттал Темиртау») ҳангоми пармакунии чоҳҳои дренажии газӣ ихроҷи ногаҳонии газ ба вуқӯъ пайваст, ки боиси марги чаҳор коргар гардид. Ҷустуҷӯи як коргари дигар идома дошта, чаҳор нафари дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд», — иттилоъ додааст агентии «Tengrinews».

Тибқи иттилои агентӣ, 106 корманд интиқол дода шуданд. Баъдан дар вазорат хабар доданд, ки наҷотдиҳандагон ҷасади конкани бедаракшударо пайдо кардаанд. Ҳамин тариқ, теъдоди қурбониёни фоҷиа ба 5 нафар расид.

«Дар робита ба ҳодисаи дар кони вилояти Қарағанда рухдода вазири ҳолатҳои фавқулода Юрий Илин ба ҷои ҳодиса рафт, ки роҳбарии комиссияро ба уҳда дорад», — гуфтанд дар маркази матбуотӣ.

АКС: РИА Новости Павел Лиситсин

Ноябрь 4, 2022 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд