Дар Чин мавҷи COVID-19 дубора шиддат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Чин суръат ва афзоиши паҳншавии коронавирусро дар кишвар сабт мекунанд. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии гигиенӣ ва беҳдошти Ҷумҳурии Мардумии Чин, рӯзи панҷшанбеи 10 ноябр, дар як рӯзи охир табибон беш аз нуҳ ҳазор ҳолати нави ин бемориро ошкор кардаанд, ки нисбат ба як ҳафтаи пеш 2,6 маротиба зиёд аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳоло дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 61,5 ҳазор мубталоён таҳти назорати духтурон қарор доранд, ки 85 дарсади онҳо аломати ин бемориро надоранд. Аз 27 май инҷониб дар кишвар ягон фавт аз бемории COVID ба қайд гирифта нашудааст.
Маълум аст, ки беш аз 97 дарсади беморон аз сарчашмаҳои маҳаллӣ сироят ёфтаанд, боқимонда ҳолатҳои воридотӣ мебошанд. Тайи як ҳафтаи охир дар тамоми минтақаҳои кишвар дар сатҳи музофот, шаҳрҳои тобеи марказ ва марказҳои мухтор ҳодисаҳои гирифторӣ ошкор карда шуданд.
Тақрибан чоряки тамоми нафарони дар бемористон бистаришуда дар вилояти ҷанубии Гуандун ва баъдан вилоятҳои худмухтори Муғулистони Дохилӣ дар шимоли кишвар ва Шинҷон дар шимолу ғарб ҳастанд.
Қаблан директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейюс гуфта буд, ки аз моҳи феврали соли равон мизони маргу мири коронавирус дар ҷаҳон тақрибан 90% коҳиш ёфтааст. Вай тазаккур дод, ки ҳафтаи гузашта дар саросари ҷаҳон дар бораи марги 9,4 ҳазор нафар аз коронавирус иттилоъ дода шудааст. Роҳбари Созмон тавзеҳ дод, ки моҳи феврал ин рақам аз 75 ҳазор гузашта буд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: static.mk.ru








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






