Дар Чин мавҷи COVID-19 дубора шиддат гирифтааст

Ноябрь 11, 2022 10:45

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Чин суръат ва афзоиши паҳншавии коронавирусро дар кишвар сабт мекунанд. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии гигиенӣ ва беҳдошти Ҷумҳурии Мардумии Чин,  рӯзи панҷшанбеи 10 ноябр, дар як рӯзи охир табибон беш аз нуҳ ҳазор ҳолати нави ин бемориро ошкор кардаанд, ки нисбат ба як ҳафтаи пеш 2,6 маротиба зиёд аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳоло дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 61,5 ҳазор мубталоён таҳти назорати духтурон қарор доранд, ки 85 дарсади онҳо аломати ин бемориро надоранд. Аз 27 май инҷониб дар кишвар ягон фавт аз бемории COVID ба қайд гирифта нашудааст.

Маълум аст, ки беш аз 97 дарсади беморон аз сарчашмаҳои маҳаллӣ сироят ёфтаанд, боқимонда ҳолатҳои воридотӣ мебошанд. Тайи як ҳафтаи охир дар тамоми минтақаҳои кишвар дар сатҳи музофот, шаҳрҳои тобеи марказ ва марказҳои мухтор ҳодисаҳои гирифторӣ ошкор карда шуданд.

Тақрибан чоряки тамоми нафарони дар бемористон бистаришуда дар вилояти ҷанубии Гуандун ва баъдан вилоятҳои худмухтори Муғулистони Дохилӣ дар шимоли кишвар ва Шинҷон дар шимолу ғарб ҳастанд.

Қаблан директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейюс гуфта буд, ки аз моҳи феврали соли равон мизони маргу мири коронавирус дар ҷаҳон тақрибан 90% коҳиш ёфтааст. Вай тазаккур дод, ки ҳафтаи гузашта дар саросари ҷаҳон дар бораи марги 9,4 ҳазор нафар аз коронавирус иттилоъ дода шудааст. Роҳбари Созмон тавзеҳ дод, ки моҳи феврал ин рақам аз 75 ҳазор гузашта буд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: static.mk.ru

Ноябрь 11, 2022 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид