Дар даҳ моҳ дар Тоҷикистон зиёда аз 25 ҳазор субъектҳои хоҷагидор ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 12.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳ моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 25 ҳазору 417 субъектҳои хоҷагидор ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Давра ба давра беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, такмили қонунгузории андоз ва дар ин замина беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, пешбинӣ гардидани имтиёзоти зиёди андозӣ ва сода намудани тартиби бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор омилҳое мебошанд, ки ҷиҳати батадриҷ афзоиш ёфтани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла субъектҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда истодаанд.
Агар ба ҳолати 1 январи соли 2012 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори амалкунанда 161,6 ҳазор ададро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда ба ҳолати 1 январи соли 2022, яъне дар даҳ сол ба 338,7 ҳазор адад баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2012 – 177,1 ҳазор адад ё худ бештар аз 2 маротиба зиёд мебошад.
Дар даҳ моҳи соли 2022 дар маҷмӯъ 25 ҳазору 417 субъектҳои хоҷагидор ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 1 ҳазору 932 адад ба шахсони ҳуқуқӣ, 30 адад ба филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва 23 ҳазору 455 нафар ба соҳибкорони инфиродӣ рост меояд.
Тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ, шумораи субъектҳои фаъолияти хоҷагидор, ки бо сармоягузории шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, амалкунанда ба ҳисоб мераванд, ба 1 октябри соли 2022 92 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 76 нафар шахси ҳуқуқӣ ва 16 нафар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Нисбат ба 1 январи соли 2021 шумораи субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, 26 адад зиёд мебошад.
Ҷумҳурии Узбекистон аз рӯи шумораи субектҳои фаъолияти хоҷагидор, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармояи хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолият доранд, баъд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷои шашум қарор дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






