Дар Душанбе Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябр, соати 9:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи кишвар.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандаи Форуми миллӣ мебошад. Ҳамоиши мазкур ягона пойгоҳест, ки ҳуқуқшиносони мамлакатро барои муайян намудани афзалият ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Тоҷикистон муттаҳид месозад.
Ҳадаф аз баргузор намудани Форуми миллӣ- муайян намудани мушкилотест, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд. Инчунин мақсади он — ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, таҳияи тавсияҳои мушаххаси пешниҳодҳо бо мақсади таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






