Дар Душанбе оид ба меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои узви ИДМ конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Ноябрь 4, 2022 11:14

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои узви ИДМ» бо иштироки намояндагони давлатҳои узви ИДМ, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ Конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор мегардад. Ин матлат 3 ноябр зимни ҷаласаи XXXV Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои узви ИДМ, ки тариқи онлайн баргузор гардид, баён шуд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода тариқи онлайн доир ба вазъи иҷтимоию меҳнатӣ дар Тоҷикистон ва тадбирҳои дар ин самт андешида, бо кор таъмин намудани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба намудҳои гуногуни шуғл, ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ маърӯза намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа якчанд қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Ноябрь 4, 2022 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд