Дар мавзӯи «Таъмини заминаи ҳуқуқии истифодаи оқилонаи захираҳои замини Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар мавзӯи «Таъмини заминаи ҳуқуқии истифодаи оқилонаи захираҳои заминиТоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Узви кумита оид ба масалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагон Файзулло Қосимӣ иброз намуд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳифз ва истифодаи захираҳои замин дар қатори дигар комёбиҳо бевосита ба сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад. Қабули Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ба муайян кардани принсипҳои қонунгузории замин, асосҳои заминсозӣ, пешбурди кадастри давлатӣ, назорати истифода, пардохт ва уҳдадориҳои заминистифодабарандагон, муносибатҳои ҳуқуқӣ дар идоракунӣ, ихтиёрдорӣ ва ҳифзи захираҳои замин ба манфиати тамоми шаҳрвандони мамлакат асос гузошт.
Амалигардонии ислоҳоти замин имкон дод, ки иқтисодиёти гуногуншакл дар соҳа ташаккул ёфта, дар маҷмӯъ заминаи ҳуқуқии истифодаи захираҳои замин, гузаронидани барўйхатгирии онҳо, ошкоркунии мунтазами заминҳои истифоданашуда ва ғайриоқилона истифодашаванда, додан ва вобастакунии қитъаҳои замин ва дигар масъалаҳо ҳалли худро ёбанд.
Ҳамчунин муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмамад Каримзода, намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Раҳимзода ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода сухан гуфтанд.
Акс: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






