Дар мавзеъҳои хавфноки ноҳияи Шаҳринав корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
ШАҲРИНАВ, 20.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар селроҳаи деҳаи Аҷами Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов ва дигар мавзеъҳои хавфноки ноҳияи Шаҳринав баҳри пешгирии офатҳои табиӣ бо ҷалби аҳолӣ ва техникаҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани каналу заҳбур ва селроҳаҳо бо маром идома доранд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ҷиҳати назорати ҷараёни корҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар селроҳаи деҳаи Аҷами Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов ва Ҷамоати деҳоти Боғистон ба ин ҷо омада, барои босифат иҷро кардани корҳо ва андешидани тадбирҳои мушаххас ба масъулин ва аҳли ҷамоати деҳот миннатдорӣ баён намуд.
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ ва фаромадани селу ярч ситоди корӣ таъсис дода шудааст. Корҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, тоза кардани каналу заҳбур ва селроҳаҳо бевосита таҳти назорати ситоди мазкур қарор доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав










Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






