Дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 2100 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 2100 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон 1534,2 тонна, Суғд 444,3 тонна, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0,9 тонна, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 108,7 тонна, Файзобод 2,5 тонна, Роғун ва Рӯдакӣ 2 тонна, Ҳисор 1,7 тонна, Нуробод 1,5 тонна, Турсунзода 1,4 тонна ва Шаҳринав 0,8 тонна моҳӣ сайд карда шудааст. Маблағи умумии он 42, 3 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,6 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 625,5 тонна намуди пешониғафси сафед, 203,2 тонна зағорамоҳӣ, 109,1 тонна гулмоҳӣ, 237,1 тонна амури сафед, 8,4 тонна суфмоҳӣ ва 916,7 тонна дигар намуди моҳиҳо мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд






