Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ 250 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешаванд

Ноябрь 23, 2022 08:43

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бадахшон оид ба баррасии масъалаҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани иншооти баландошёнаи ҳамшафати роҳҳои мошингарди маркази шаҳри Хоруғ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр кард, ки дар баробари дигар корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи мутобиқ намудани иншооти ҳамшафати роҳи марказӣ ба талаботи шаҳрдорӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

«Зарур аст, ки ҳамаи биноҳо пурра таъмиру рангу бор гардида, равшаникунонии биноҳои баландошёна низ ба роҳ монда шавад»,-иброз дошт ӯ.


Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода тазаккур дод, ки дар ин замина дар шаҳр сохтмону навсозии 250 иншооти таъйиноти гуногун, асфалткунонии 2 ҳазору 800 метр роҳҳои мошингард, чароғонкунии биноҳои баландошёна ва дигар корҳои ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.

Раиси вилоят ба Раиси шаҳр супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони шаҳр раванди корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, масъалаи чароғонкунонии бинову иншооти бахши хусусиро низ ҳал намояд.

Инчунин ба роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо супориш дода шуд, ки чароғонкунонии биноҳои идораву муассисаҳояшонро то фарорасии соли нав пурра ба итмом расонанд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Ноябрь 23, 2022 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад