Дар Тоҷикистон Анҷумани 7-уми акушер-гинекологҳо доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани 7-уми акушер-гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Дар кори анҷуман Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндагони Парлумони кишвар, ҲХДТ, шарикон оид ба рушд, роҳбарони таваллудхонаҳо ва дигар мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки соҳаи тандурустӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин замина ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони мамлакат якчанд корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шуданд. Махсусан дар ин давра дар тамоми гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои зиёди тандурустӣ сохта, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд.
Дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ фаъолият мекунад, ки доир ба масъалаҳои ташкил ва расонидани кумаки тиббӣ ба модарону кӯдакон дар тамоми қаламрави ҷумҳӯрӣ ба ҳисоб меравад.
Муассисаи мазкур дар мамлакат муассисаи пешбар оид ба хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак ба шумор меравад. Вазифаи он омода намудан ва гузаронидани тадқиқоти имлӣ оид ба масъалаҳои мубрами акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогӣ, омӯзиши омилҳои беморшавии модарон ва кӯдакон, омода сохтани заминаи асосии нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани солимии модарон ва тифлон, тайёр кардани барномаҳои миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ оид ба пешгирии беморшавии модарон ва кӯдакон бо дарназардошти омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, биологӣ ва экологӣ, гузаронидани чорабиниҳои ташкиливу методӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, иштирок дар кумитаҳо ва комиссияҳо, иштироки олимони пажӯҳишгоҳ дар гурӯҳҳои корӣ оид ба мутобиқ сохтани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, тавсияҳои методӣ, модулҳои омӯзишии аз тарафи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тавсияшаванда иборат аст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






