Дар Тоҷикистон Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ доир мешавад

Ноябрь 11, 2022 11:23

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ баргузор мегардад, ки дар он коршиносон ва намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат.

Дар доираи сафар меҳмонон аз имконияти хизматрасонии осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ», Мамнуъгоҳи таърихии Қалъаи «Ҳисор», Боғи интенсивии «Шар-Шара» ва ангурбоғи «Норак» дидан менамоянд. Инчунин аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Душанбе- «Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал меоранд.

10 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и пойтахт дар доираи баргузории форуми мазкур ҷаласаи сеюми Комиссияи техникӣ оид ба рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон  баргузор гардид.Дар кори ҳамоиш намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ҳайати расмии Вазорати мероси фарҳангии Эрон, ҳайати Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон, ширкатҳои бонуфузи сайёҳии хориҷӣ, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.

Дар мулоқот имконоти тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва муносибатҳои бисёрҷониба, ҷустуҷӯи роҳҳои нави тавсеаи робитаҳо ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва экологию солимгардонӣ изҳор намуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ

Ноябрь 11, 2022 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ