Дар Тоҷикистон соли 2023 Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронии слалом баргузор мегардад

Ноябрь 9, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо президенти Федератсияи қаиқронии слаломи Россия Сергей Папуш мулоқот кард, ки дар он масъалаи ҳамкории дуҷониба ҷиҳати рушди варзиши қаиқронии слалом баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

«Ин мулоқот сабаби рушди ҳамкорӣ ва рушди намуди слалом дар Тоҷикистон хоҳад шуд», — таъкид намуд Дилшод Назаров.

Сергей Папуш изҳор намуд, ки Тоҷикистон дарёҳои зиёд дорад, ки барои машғул шудан ба қаиқронии слалом ва рушди ин намуди варзиш мусоиданд. Аз ҷумла, ӯ ёдовар шуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дастаи мунтахаб дар дарёи Варзоб тамрин мекард.

Ҷонибҳо барои баргузор намудани Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронии слалом дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Зикр шуд, ки низомномаи мусобиқа дар наздиктарин фурсат омода карда шуда, ҷиҳати анҷоми корҳои ташкилӣ кумитаи тадорукот таъсис дода шавад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид