Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 қабул карда шуд. Тибқи он даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора 31 октябр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» 37,1 млрд сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки ин 4,1 млрд ё 12,3 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад. Қисми хароҷоти он 38,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 4,5 млрд ё 13,03% нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад.
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, лоиҳаи барои соли оянда пешниҳодшуда ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро вазифадор намуданд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2023 ва солҳои минбаъда бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии рушди кишвар, татбиқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ, сари вақт сохта, ба истифода додани иншооти ҷашнӣ сармоягузориҳои асосии мутамаркази буҷети давлатиро зиёд намояд.
«Барои ин ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи мутавозини сиёсати макроиқтисодӣ, буҷету андоз ва пулию қарзӣ аст», — тазаккур додандд Сарвари давлат ва дар назди Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат вазифаҳо гузоштанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» дар маҷлиси Ҳукумат маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»






