Дастаҳои футболи «Исфара», «Парвоз» ва «Шодмон» ба Лигаи якуми Тоҷикистон роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 25.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор қисми ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи дуюм, ки дар он дастаҳо барои се роҳхати Лигаи якум мубориза мебурданд, ба анҷом расид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюм 6 даста – ғолибон ва беҳтарин дастаҳои марҳилаи минтақавӣ аз шаҳрҳои Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ширкат карданд. Инҳо дастаҳои футболи «Локомотив»-и шаҳри Душанбе, «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор, «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд, «Исфара»-и шаҳри Исфара, «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод ва «Нури-Деҳот»-и ноҳияи Панҷ мебошанд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ғолибони гурӯҳ дар даври ниҳоӣ бо ҳам рақобат карданд. Дастаҳое, ки зинаи дуюмро касб карданд, барои медалҳои биринҷӣ миёни ҳам рақобат карданд. Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи футболи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор бар дастаи «Локомотив»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ дастаи «Исфара» бар «Парвоз» бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда, ғолиби мусобиқа гардид.
Ҳамин тариқ, аз рӯйи натиҷаи қисмати ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Исфара»-и шаҳри Исфара, «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор роҳхатҳои Лигаи якуми футболи Тоҷикистонро дар мавсими 2023 ба даст оварданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок намуда, ғолибону ҷоизадоронро қадрдонӣ намуданд. Нимҳимоятгари дастаи футболи «Исфара»-и шаҳри Хуҷанд Хоҷӣ Абдуманнон беҳтарин бозигари мусобиқа дониста шуд.
Қисмати ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюм
Бозӣ барои ҷойи сеюм
«Локомотив» (Душанбе) – «Шодмон» (Ҳисор) – 1:4
Финал
«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – «Исфара» (Исфара) – 0:2
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






