Дастаи мунтахаби Эрон ба бистгонаи беҳтаринҳои рейтинги ФИФА ворид шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии футболи Эрон дар рейтинги ФИФА ба бистгонаи тимҳои беҳтарини ҷаҳон ворид шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол гуфта шудааст.
Дар рейтинги нав дастаи мунтахаби миллии Эрон дар зинаи 20-ум қарор гирифт. Бар асоси он, дастаи мунтахаби миллии футболи Эрон 2 зина боло рафт.
Қобили зикр аст, ки дастаи мунтахаби миллии Эрон дар рейтинги нави ФИФА миёни дастаҳои Осиё мақоми аввалро касб кард.
Ба даҳ дастаи мунтахаби беҳтарини ҷаҳон дастаҳои Бразилия, Белгия, Аргентина, Фаронса, Британияи Кабир, Италия, Испания, Нидерланд, Португалия ва Дания шомил шудаанд.
6 октябр дастаи мунтахаби миллии футболи Эрон дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон таҳти роҳбарии сармураббии ин даста Карлуш Кейруш, дар остонаи Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Қатар тамрин анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Эрон дар Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар Қатар дар гурӯҳи «В» дар баробари тимҳои Уэлс, ИМА ва Англия бозӣ хоҳад кард. Онҳо бозии аввали худро бо Англия 21 ноябр мегузаронанд.
Акс: ИРНА








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






