Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии рафиқона бар Россия бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуд

Ноябрь 8, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бар барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо- дастаи  мунтахаби футзали Россия бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Бозии рафиқона миёни дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Россия 7 ноябр дар Қасри теннис ва маҷмаи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ҳайати дастаи мо Файзалӣ Сардоров чор гол, Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва Бахтиёр Солиев дуголӣ заданд.

Имрӯз, 8 ноябр, дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Россия дар Душанбе бозии дуюми рафиқона баргузор мекунанд.

Акс: ФФТ

Ноябрь 8, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд