ДИҚҚАТ, ЭҲТИЁТ НАМОЕД! Миқёси маҳдудият дар Чин бар асари афзоиши COVID рекордӣ шудааст

Ноябрь 28, 2022 10:18

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин дар як шабонарӯз 39 791 ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шудааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии тандурустии ин кишвар. Ин рекорди нав шабонарӯзи чорум аст, ки паси ҳам нав карда мешавад, зикр намудааст Reuters.

Дар Чин рӯзи чорум аст, ки паси ҳам шумораи рекордии гирифторони коронавирусро дар як шабонарӯз — қариб 40 000 нафар ошкор мекунанд. Миёни гирифторони ҳолатҳои нав дар Чин дар 3709 нафар аломатҳои ин беморӣ муайян карда шуда, 36 082 нафар бидуни ягон аломат гирифтори ин гуна вирус гардидаанд, тасдиқ менамояд кумита.

Гирифторӣ ба ин беморӣ дар Пекин, пойтахти Чин босуръат афзоиш меёбад: шумораи ҳодисаҳои бақайдгирифта дар як рӯз 66% — аз 2595 то 4307 нафар афзоиш ёфт. Дар шаҳри Чунсин дар ҷанубу ғарби Чин (32 миллион нафар аҳолӣ) афзоиши рӯзона 15%- аз 7721 то 8861-ро ташкил дод. Дар Гуанчжоу (қариб 19 миллион нафар аҳолӣ) шумораи гирифторон дар як рӯз каме коҳиш ёфт, аммо хеле баланд: 7412 нафар дар муқоиса бо 7419 нафари як рӯз қабл боқӣ мемонад.

Дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (МТТҲС)-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки аз моҳи январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Илова бар ин, пандемия тақрибан дар тамоми дунё коҳиш ёфтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки одамон бояд бепарво бошанд.

Гурӯҳҳои кории МТТҲС мудом бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, то ин ки одамон дар бораи саломатии худ ҳамеша ғамхорӣ намоянд, ба қоидаҳои хӯрокхӯрӣ, гигиенаи шахсӣ, бехатарии санитарию ҷамъиятӣ риоя кунанд ва тарзи ҳаёти солимро пеш баранд.

АКС: legion-media.ru

Ноябрь 28, 2022 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон