Донишҷӯёни забондони Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ аз пардохти 10-20 фоизи маблағи шартномаи таҳсил озод мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент донишҷӯёнеро, ки аз 4 то 15 ноябр 400 вожаи пешниҳодшудаи забонҳои русӣ ва англисиро ба иловаи 2 ғазал аз осори шоирони классику муосири тоҷик аз бар менамоянд, аз пардохти 10-20%-и маблағи шартномаи таҳсил озод намояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторӣ хабар дод.
Бо пешниҳоди Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода донишҷӯёне, ки то имрӯз маблағи шартномаи таҳсилро пурра пардохт намудаанд, дар сурати аз бар намудани 400 вожаи пешниҳодшуда Донишгоҳ ба онҳо 10-20%-и маблағи шартномаи таҳсилашонро бар мегардонад. Донишҷӯёни дар доираи ихтисосҳои забони англисӣ таҳсилкунанда бинобар соҳибтахассус будан аз ин имтиёзи пешниҳодшуда истисно мебошанд.
Инчунин донишҷӯёне, ки рейтингҳои 1-ум ва 2-юми давраҳои таҳсилро бо баҳои аъло ҷамъбаст менамоянд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд, аз пардохти ҳаққи шартномаи таҳсил то сессияи навбатӣ озод мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз 13 сентябри соли 2022 омӯзиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»/Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






