Душанбе аз ҳамоиши минтақавӣ дар доираи ЭКСПО 2022– Рушди соҳибкории занон мизбонӣ намуд

Ноябрь 18, 2022 16:47

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Алҳол дар Тоҷикистон қариб 80 ҳазор нафар занон ба соҳибкорӣ машғул буда, саҳми онҳо дар пешбурди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар хеле назаррас аст». Чунин зикр шуд дар ҳамоиши минтақавӣ, ки дар доираи ЭКСПО 2022 таҳти унвони «Рушди соҳибкории занон» имрӯз дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор, ки 20 ноябр таҷлил мешавад, баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, намояндагони Парлумон, вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳои бонувони соҳибкор, шарикони рушд, коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва соҳибкорзанони муваффақи мамлакат иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занони соҳибкор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо зикр намуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ дар байни занон тадбирҳои муассир ва саривақтӣ  андешида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд. Ин бозгӯи сиёсати дурандешонаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат дар самти дастгирии бонувони соҳибкор мебошад. Таҳия ва қабули барномаҳои давлатӣ ва консепсияҳо, хусусан таҳияи Барномаи рушди соҳибкории занон то давраи соли 2030 , инчунин пешниҳоди грантҳои президентӣ ба занони соҳибкори мамлакат барои пешбурди рушди соҳибкории хурду миёна ва рушди истеҳсолот шаҳодати ин гуфтаҳост.

Таъкид гардид, ки маҳз дар доираи эълони Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) дар мамлакат занони фаъоли соҳибкор дар бахши саноати сабук бештар фаъолияти худро густариш медиҳанд. Имрӯз занону бонувони муваффақи соҳибкори тоҷик дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат –саноати сабук, кишоварзӣ, сохтмон, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, қаннодӣ, ҳунармандӣ фаъолияти арзишманд дошта, на танҳо дар рушди иқтисоди мамлакат, балки дар беҳдошти вазъи иҷтимоиии хонаводаи худ нақши муассир мегузоранд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, роҳбари дафтари занони СММ дар Тоҷикистон Азиза Ҳомидова, намояндаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел доир ба рушди соҳикборӣ миёни занон, фароҳам овардани шароити мусоид ва дастгирии занони соҳибкор, инчунин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт ибрози назар намуданд.

Ҳадафи баргузории ҳамоиши минтақавии занони соҳибкор дар Душанбе — баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти фаъолияти соҳибкории бонувони ташаббускори тоҷик, инчунин тавсеаи дастрасии занон ба малакаҳои зарурӣ, рушд ва дастгирии ҳунармандӣ миёни занон, аз ҷумла дар бахши саноати сабук маҳсуб мешавад.

Дар доираи ЭКСПО 2022– Рушди соҳибкории занон як зумра соҳибкорзанони фаъоли ҷумҳурӣ барои саҳми арзанда дар рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ва таъсиси ҷойҳои корӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон бо сипосномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамоиш дар се бахш дар мавзӯъҳои «Фаъолияти соҳибкории бонувони тоҷик: вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушд», «Рушди соҳибкории иҷтимоӣ ва саҳми шахсони имконияташон маҳдуд дар рушди иқтисодиёти кишвар», «Соҳибкории занон дар марҳилаи дигаргуншавӣ» ва «Соҳибкории занон: комёбиҳо ва бартарафсозии монеаҳо» идома намуда, дар онҳо роҳҳои рушди соҳибкорӣ миёни занон, бартараф намудани монеаҳое, ки ба рушди соҳибкории бонувон халал эҷод менамоянд ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ доир гардид.

Дар анҷом иштирокдорони ҳамоиши минтақавӣ оид ба беҳтар намудани имконият барои соҳибкории занон ва тадбирҳои дастгирии давлат барои пешбурди соҳибкории занон тавсияҳо қабул намуданд.

Дар ҳошияи ҳамоиш намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии занони соҳибкори мамлакат ба маърази тамошо гузошта шуд.

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС)

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2022 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд