ДЗЮДО. Пагоҳ дар Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо оғоз шуда, то 6 ноябр идома меёбад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» ширкати 391 варзишгар (227 мард ва 164 зан) аз 63 кишвари сайёра дар назар аст. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 12 паҳлавони шинохта, аз қабили Муслимбек Каримов бо Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то 60 кг, Каюмарс Норов бо Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода бо Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳи Устопириён бо Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг, Эмомризо Анварзода бо Раҳматулло Мирзоев дар вазни то 100 кг ва ниҳоят паҳлавони маъруфи меҳан Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар рақобатҳо миёни мардон муаррифӣ хоҳанд кард.
Барномаи мусобиқа:
4 ноябр (ҷумъа). Рақобатҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.
5 ноябр (шанбе). Рақобатҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни бонувон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.
6 ноябр (якшанбе). Рақобатҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни бонувон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Мавриди зикр аст, ки маблағи умумии Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ғолиб дар ҳар вазн 5 ҳазор евро, барои ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ тақдим мегардад.
Ҳамчунин варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Варзишгароне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра — 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Инчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо дар АМА, ки аз 21 то 23 октябр бо иштироки 414 варзишгар (239 мард, 175 зан) аз 65 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, Тоҷикистонро 10 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд. Танҳо ба паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов муяссар шуд, ки соҳиби медали биринҷии ин мусобиқа шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






