ЭҲТИЁТ-НИМИ ҲАЁТ! Мошини тамғаи «Киа Рио» бо сабаби суръати баланд аз баландии 6,35 метр сарозер шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 13:10, ронандаи мошини тамғаи «Киа Рио», рақамҳои қайди давлатиаш 7280ТТ05 Ҳалимов Хуршед Идибекович дар натиҷаи бо суръати баланд дар болои пули хиёбони И.Сомонӣ ҳаракат намудан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанини канори чапи роҳ бармехӯрад ва аз баландии 6,35 метр бо қисми пеш ба роҳи мошингарди кӯчаи Н.Ганҷавӣ сарозер мегардад. Дар натиҷа як нафар мусофири дохили мошини мазкур- ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Дар натиҷа панҷараи оҳанини канори роҳ шикаста, мошин ба оинаҳои тарафи чапи автобуси мусофирбар, рақамҳои қайди давлатиаш 1251ТТ09, ки бо таги пул ҳаракат мекард, бархӯрда, ба нақлиёти мазкур зарари техникӣ расонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.
АКС: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд






