ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚАВЛИ ДОДААШОНРО ҶАВОНМАРДОНА БА ҶО ОВАРДАНД. Дар ин бора собиқ вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ изҳор намуданд

Ноябрь 16, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 16.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. То таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ чанд соати дигар боқӣ мондааст. Дар шаҳри Хуҷанд, ки макони асосии баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ мебошад, нахустин ҷамъомадҳо бо иштирокчиёни бевоситаи ин Иҷлосия оғоз ёфтаанд. Дар ин робита АМИТ «Ховар» андешаи чанд нафар иштирокдорони ин Иҷлосияи таърихӣ –собиқ вакилони Шӯрои Олиро манзури хонандагон мегардонад.

Вакили Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мўсоева: «Хуб дар ёд дорам, лаҳзаҳоеро, ки баъди эълони натиҷаи овоздиҳӣ доир ба Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни ҷаласа аз ҷой бардохста, бо як овоз ва кафкўбии бардавом ҷонибдории худро аз роҳбарияти тозаинтихоби кишвар изҳор доштанд. Хеле ҳаяҷонбахш буд лаҳзаи ба минбар баромадану суханронии нахустини Эмомалӣ Раҳмон. Он лаҳзаҳо тамоми толорбудагон ва тамоми мардуми Тоҷикистон бо як ҳаяҷони зиёд чашму гўшу ҳуш ба сўи ў кардаву меандешиданд, чӣ мегуфта бошад ин ҷавонмард, бо кадом роҳ мебурда бошад ин кишвари ҷангзадаро, чӣ сарнавиште моро интизор аст? Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки вакилон дар интихоби ў хато накардаанд. Маҳз бо шарофати ин марди ҷасур кишвари мо аз вартаи ҷанг раҳо ёфта, рў ба инкишоф овард».

Иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Адолат Раҳмонова: «Амали дурусте, ки дар ин иҷлосия анҷом додем, ин интихоби Сарвари давлат, Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо итминон метавон гуфт, ки ин иҷлосия сароғози сулҳу субот дар мамлакат гашт. Сарвари ҷавону тозаинтихоб бо кору пайкори хеш марди фидоии миллату Ватан будани хешро исбот намуданд. Сарвари давлат аз нахустин лаҳзаҳо изҳор доштанд, ки ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам ва то охирин тоҷике, ки дар диёри бегонагон хору забун аст ва номи гурезаро гирифтааст, ба Тоҷикистон барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонад.Сарвари давлат қавли додаашонро ҷавонмардона ба ҷо оварданд. Оромию осудагӣ ва пешрафти Тоҷикистон бо номи ҳамин сиёсатмадори барҷаста тавъам аст».

Вакили Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Қозидавлат Қоимдодов: «Алҳол, бешак, дар таърихи таҳаввулоти Осиёи Марказӣ таҷрибаи Эмомалӣ Раҳмон таъсиргузор аст. Ин модели мутамарказкунии ҳокимият, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, аз даргириҳо ба рушди устувор гузаштан барои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ сабақ гардид. Ба ин хотир ҳам, агар Иҷлосияи ХVI-ро тақдирсоз гўем, пас меъмори давлати нави тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо ин марди ғаюр ва фарзанди бо нангу номуси миллати тоҷик ифтихор дорем».

Иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Гулафзо Савриддинова: «Дар Иҷлосия мо 7 нафар вакилзан ширкат доштем. Вақте номзадии Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд, мо бо раҳми модарона ба ҳолати ҳамонвақтаи Тоҷикистон ва аҳволи миллат дар симои ў ояндаи дурахшони Ватанро дидем ва нахустин шуда, ба ҷонибдориашон овоз додем. Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмони ҷавон давоми се соли фаъолияти вакилиашон бо суханони пурмуҳтаво, таклифҳои ҷасуронаву дилсўзона, масъалагузориҳои мушаххас дар қалби вакилон ҷой гирифта буданд».

Раиси Шўрои кўҳансолони ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов: «Бадхоҳони миллат дигар нақша доштанд, аммо он тавре, ки онҳо мехостанд, нашуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи қавӣ ва хислатҳои ватандӯстонаю ҷавонмардонашон тавонистанд ба фазои ғуборолуди Тоҷикистон тозагӣ бахшанд, кинаҳоро аз синаҳо дур созанд, миллатро сарҷамъ созанд. Насли ҷавон бояд донанд, ки он замон бо вуҷуди соҳибистиқлолӣ, ҳатто рамзҳои давлатӣ- Парчам ва Нишони давлатӣ надоштем ва дар мамлакат Конститутсияи соли 1978 амал мекард. Ин Иҷлосия аз ҳамин ҷиҳат ҳам таърихӣ аст, ки ин масъалаи басо муҳим барои кишвари мо дар он баррасӣ гардид ва қарорҳои муҳим қарор шуданд».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Ноябрь 16, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»