Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе оғоз ёфт

Ноябрь 3, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 03.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябр дар пойтахт таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» Фестивали  III дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Дар он  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт ширкат меварзанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Фестивал дар доираи дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, хусусан майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва наврасону ҷавонони маҳал, хонандагону донишҷӯён ва афсарону сарбозон ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи фестивал намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои шаҳрӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин аз намоиши дастовардҳои варзишии муассисаҳои варзишӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомии шаҳри Душанбе дидан карданд.

Зимни ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода изҳор дошт, ки имрӯзҳо барои наврасону ҷавонон шароити хуби варзишӣ фароҳам оварда шудааст. Маҳз дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буд, ки дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе майдончаҳои зиёди варзишӣ ва маҷмааҳои калони варзишӣ бо муосиртарин шароит сохта, ба истифода дода шуданд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд аз имконияти фароҳамбуда истифода намуда, парчамбардори Ватану миллати хеш бошанд.

Дар идомаи фестивал барномаи театрикунонидаи варзишӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки маросими пӯшидашавии Фестивали III дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе 14 ноябр дар “Кохи Суруш”-и пойтахт дар назар дошта шудааст.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 3, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд