ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тавре қаблан хабар додем, марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон имсол дар шакли нав баргузор мешавад. Дастаҳое, ки дар қисми аввал ҷойҳои 1-5-умро гирифтанд, дар гурӯҳи «А» барои ҷоизаҳо ва дастаҳое, ки ҷойҳои 6-10-умро касб карданд, дар гурӯҳи «В» барои нигоҳ доштани мавқеашон дар Лигаи олӣ талош мекунанд.
Дар даври 19-ум дар гурӯҳи «А» ду бозӣ баргузор шуд. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард. Голҳои дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро Тоҳирҷон Тағойзода (2 гол), Нуриддин Ҳамроқулов, Рустамҷон Кучкаров, голҳои дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо Хуршед-Тимур Ҷураев, Аласса Монгбет ва Комрон Иброҳимов ба нишон расониданд.
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом ёфт. Ҷаҳонгир Эргашев аз дастаи «Хуҷанд» ва Абдухалил Боронов аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дуголӣ ба ҳадаф расониданд. Якголии дигарро дар ҳайати дастаи «Хуҷанд» Хушнудбек Бозоров ва дар ҳайати дастаи «Равшан» Шодиҷон Муродов ба нишон расониданд.
Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 18 | 11 | 6 | 1 | 38-11 | 39 |
| 2 | «Хатлон» (Бохтар) | 19 | 8 | 7 | 4 | 20-14 | 31 |
| 3 | «Равшан» (Кулоб) | 19 | 7 | 8 | 4 | 23-20 | 29 |
| 4 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 19 | 7 | 7 | 5 | 24-16 | 28 |
| 5 | КМВА (Душанбе) | 19 | 7 | 4 | 8 | 25-28 | 25 |
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 6 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 18 | 6 | 4 | 8 | 23-19 | 22 |
| 7 | «Файзканд» (Восеъ) | 19 | 6 | 4 | 9 | 18-30 | 22 |
| 8 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 19 | 5 | 6 | 8 | 23-30 | 21 |
| 9 | «Равшан» (Зафарабад) | 19 | 4 | 8 | 7 | 20-35 | 20 |
| 10 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 19 | 4 | 4 | 11 | 14-25 | 16 |
Рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо:
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 12 гол, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Эсхата») – бо 10-голӣ, Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 гол, Абдухалил Боронов («Равшан»-и Кӯлоб) – 8 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробад) – 7 голӣ ба нишон расониданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






