Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баргузории интихоботи ғайринавбатии президентиро дар Қазоқистон баланд арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Қазоқистон натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон кард, ки тибқи он Қосим-Жомарт Токаев бо 81,31 дарсади овозҳо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардид.
Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом ёфт. Гурӯҳи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни раъйдиҳӣ дар Қазоқистон ва ҳамчунин дар қитъаҳои интихоботии хориҷиро, ки дар 13 кишвари ҷаҳон фаъолият доранд, назорат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Ҳамоҳангсози гурӯҳ — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Дабири кулли Шӯрои АБ ИДМ Дмитрий Кобитский ва намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз ҳавзаи интихоботии №111, воқеъ дар китобхонаи миллии академии пойтахти Қазоқистон дидан карданд. Онҳо дар маросими ифтитоҳи участкаи интихоботӣ, мӯҳр задани қуттиҳои интихоботӣ ва оғози овоздиҳӣ ҳузур доштанд.
Нозирон шаҳдодат медиҳанд, ки тамоми расмиёти зарурӣ пурра иҷро шуда, овоздиҳӣ сари вақт анҷом ёфт.
Дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо Раиси сенати парлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев мулоқот намуданд.


Нозирони байналмилалӣ аз АБ ИДМ дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Талдиқургон фаъолона ширкат варзиданд.
Ба ҳайати нозирон намояндагони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил буданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар доираи сафар ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчунин бо роҳбарияти Парлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар мулоқот намуд.
Акс: МН МО ҶТ










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






