«ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ». Дар Донишкадаи ҳарбӣ таҳти ин унвон Рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории пайвастаи Вазорати мудофиаи мамлакат ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ҳафтаи сипаригардида бо ташаббуси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Рӯзи дарҳои кушод доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиа хабар доданд.
Дар доираи барномаи тарғиботӣ, ки таҳти унвони «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост» ташкилу роҳандозӣ гардид, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ва толибилмони якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ин ноҳияи пойтахт аз шароити буду боши ҳайати афсарон ва устодону курсантони донишкадаи мазкур дидан намуданд.
Хонандагон бо имконияти васеи таълиму тадрис ва раванди машғулияти таълимӣ дар Донишкадаи ҳарбӣ, ҳамчунин шароити зарурии фароҳам дар ин боргоҳи илми низомӣ шинос гардиданд. Ҳамзамон бо курсантоне, ки дар курсҳои гуногуни Донишкадаи ҳарбӣ таҳсил доранд ва илми низомӣ меомӯзанд, суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоишро, ки ба рӯзҳои даъвати ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рост омадааст, масъулин бедор намудани ҳисси ватанпарастию худшиносии насли наврасу ҷавони кишвар ва дар рӯҳияи баланди садоқат ба халқу Ватан тарбия намудани ин қишри некбину ташаббускори ҷомеа арзёбӣ карданд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд






