Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ асос гузошт, ки минбаъд ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия гардад
ДУШАНБЕ, 13.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар замоне, ки қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо, кашмакашҳои бемаънӣ ба авҷи ниҳоӣ расидаву бенизомиву бесуботӣ авзои сиёсӣ ва умури идории мамлакатро фаро гирифта буд, дар даврае, ки аз ҳеҷ самте дар назари аввал роҳи наҷот ба назар намерасид, баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ба тулўи ҷонбахши Офтоб дар сардиҳои қаҳратун шабоҳат дошт. Дар ин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва зери роҳбарии ў миллати тоҷик ба бунёди давлати соҳибистиқлол шурўъ намуда, аз вартаи парокандагӣ раҳо ёфт. Чунин изҳор намуд сардори Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии мамлакат Зуҳуриддин АСРОРЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи ҷашни 30-солагии ин иҷлосия.
Ў дар идомаи суҳбат зикр кард, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллию сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
«20 апрели соли 2012 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад. Маҳз бо шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ созем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд»,-чунин иқтибос овард номбурда аз суханони Пешвои миллат.
Зуҳуриддин Асрорзода таъкид намуд, ки маҳз санадҳои қабулнамудаи ин иҷлосияи таърихӣ имконият ва шароит фароҳам оварданд, ки давлати тозабунёди тоҷикон аз буҳрони хатарнок ва вартаи яъсу ноумедӣ баромада, рушду нумуъ намояд, ба пешрафту инкишоф ноил гардида, тадриҷан ба самти ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Маҳз ҳамин иҷлосияи таърихсоз асос гузошт, ки минбаъд ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия гардад.
«Минбаъд дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба инсон чун ба гавҳари офариниш арҷ мегузорад, ҳуқуқҳои ӯро ба озодӣ ва зиндагонии шарафмандона бо номгузории ниҳодҳои лозимаи иҷтимоӣ кафолат медиҳад, натиҷаву дастовардҳои Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бечунучаро, ба қавли Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғози таърихи навини мо мебошад»,-тазаккур дод мавсуф.
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки натиҷаи ҳамин иҷлосияи таърихӣ аст, ки имрӯз истиқлолияти давлатии мо аз ҷониби зиёда аз 130 давлати ҷаҳон ба таври расмӣ эътироф гардидааст.
Ба андешаи ў санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро, иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ қабул намудааст, шартан ба 5 гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:
— санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бораи барқарор ва мустаҳкам сохтани фаъолияти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бораи барқарор сохтани фаъолияти мақомоти хокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла фаъолияти мақомоти хифзи хуқуқ;
— санадҳое, ки ба мақсади расидан ба сулҳ ва ризояти миллии халқҳои Тоҷикистон равона карда шудаанд;
— санадҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, муҳофизат ва мустаҳкам намудани мустақилияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд.
— санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Дар ин равия меъёрҳои қабулнамудаи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, аз қабили қарор «Оид ба муроҷиати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва иттиҳодияҳо, ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани рӯзи 26 ноябри соли 1992 рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи гурезаҳо» ва ғайра хеле муҳим ва тақдирсоз буда, барои бунёди давлатӣ дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд асоси устувор гузоштанд»,-таъкид намуд ў.
Сардори Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии мамлакат Зуҳуриддин Асрорзода дар фарҷоми суҳбат иброз дошт, ки “инак, бо гузашти 30 сол дар партави ин иҷлосияи сарнавиштсоз тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр бо рангу ҷилои тобон нурафшон мебошад ва бо анвори файзбахшаш зиндагии мардуми кишвар маъниву муҳтавои нав гирифта, файзу баракат ва осоиш фузунтар мегардад.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»