«ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА ПАЙКИ БАҚОИ МИЛЛАТ. Ё Роҳбаре аз дили мардум ва аз табори Офтоб»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2022 13:10

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №219 (24 578), сешанбе, 15 ноябри соли равон зери унвони «Идомаи сафари кории Пешвои миллат дар вилояти Суғд», «Иҷлосияи тақдирсоз ва пайки бақои миллат. Ё Роҳбаре аз дили мардум ва аз табори Офтоб» матолиб ва дар рубрикаи «Тоҷикистон» хабару гузоришҳо ба нашр расонидааст.

Дар ин шумора матлабҳои гуногун  доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз, аз қабили «Пресс-тури навбатии рӯзноманигорон ба НБО «Норак», «Як ҳамоиши муҳим», «Данғара. Истеҳсоли ғалла ба 100 ҳазор тонна мерасад» пешниҳоди хонандагон гардидаанд. Инчунин дар шумора хабарҳо аз хориҷи мамлакат таҳти рубрикаи «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр» нашр гардидаанд.

Муаллифи маводи «Иҷлосияи тақдирсоз ва пайки бақои миллат. Ё Роҳбаре аз дили мардум ва аз табори Офтоб» муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ  Абдураҳмон Аламшозода чунин нигоштааст: «Барои халқ, Ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард. …».

Мавсуф зикр доштааст, ки «нотавонбинон, гурӯҳҳои хурофотпараст ва душманони дохилӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ, ки истиқлоли кишварро намехостанд, бо мақсади нишон додани нотавонӣ ва фалаҷ будани Ҳукумат, ҳамзамон тарс додани мардум аз силоҳ кор гирифта, қасди ҷони шахсиятҳои сиёсӣ ва ходимони давлатӣ мекарданд. Онҳо барои ба қудрат расидан ба амалу кирдорҳои ваҳшиёна ва хиёнаткорона даст зада, ҷиноятҳои вазнин содир менамуданд…».

Ҳамчунин дар ин матлаб муаллиф муҳимтарин  дастовардҳои ин иҷлосияи таърихиро таҳлилу баррасӣ намудааст. Хонанда имкон дорад, ки шакли пурраи онро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» рӯзи ҷумъа, 11 ноябр №138 (4558) дар баробари дигар рӯзномаву нашрияҳои кишвар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарлавҳаи «То имрӯз барои мақомоти корҳои дохмлӣ 400 бинои нав сохта шудааст», инчунин сафари кории Сарвари давлатро ба шаҳри Ваҳдат, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хабари Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашумро нашр намудааст.

Дар ин шумора  зери унвони «Баргузории «Мулоқоти се насл дар Маҷлиси намояндагон», «Иштироки Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар чорабинӣ оид ба тағйирёбии иқлим», «Беҳтарин мукофот маҳбуби мардум будан аст», «Баргузории ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБ ИДМ» ва дигар матлабҳо доир ба иҷлосияи тақдирсоз ба нашр расидаанд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №47-48 (20381), 14 ноябри соли равон  дар баробари дигар нашрияҳо маводи сершумор доир ба 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст.

Дар рӯзнома мавод зери сарлавҳаҳои «Новая веха в истории таджикской государственности», «Я принесу вам мир!», «Архитектор мира», «Событие, положившее начало развитию Бадахшона», «XVI сессия – тридцать лет созидания», «Организационно-правовые основания проведения Дня Президента Республики Таджикистан», «Сессия Верховного Совета-предпосылка установлении мира в Таджикистане» ва хабару гузоришҳои муҳим ба нашр расидаанд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №45  (1391),  16 ноябр чун дигар рӯзномаҳои ватанӣ доир ба таҷлили Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояту Суғд ва мавод доир ба ин санаи таърихӣ нашр намудааст.

Инчунин  дар ин шумора зери сарлавҳаи «Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ: се дастоварди бузурги миллат», «Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва озодии виҷдон», «Ифтихор аз ватану ватандорӣ», «Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ- муҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон» ва хабару гузориш оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2022 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт