Имрӯз дар беш аз 90 фоизи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон майдонҳо бо сутунпояи парчам мавҷуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парчами миллӣ мисли дигар рамзҳои давлатӣ дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ миёни шаҳрвандони мамлакат, муҳаббат ба Ватан нақши муҳим дорад. Дар Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад ва маълумоти Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳост.
«Имрӯз дар 90 дарсади мамлакат, яъне қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо майдонҳое мавҷуданд, ки сутунпояи парчам доранд ва дар онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон ҷилвагар аст. Дар ояндаи наздик дар ҳудуди 3 ноҳияи боқимонда низ сутунпояҳои парчам бо майдонҳояшон сохта мешаванд, ки шаҳрвандон дар онҷо истироҳат ва маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд», — гуфтанд дар кумита.
Дар Кумита тазаккур доданд, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ идома доранд ва ояндаи наздик 65 шаҳру вилояти ҷумҳуриро майдонҳо бо сутунпояҳои парчамҳо оро медиҳанд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои шаҳру навоҳии мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ бо хиёбонҳои замонавӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ин ба бедории ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, зикр карданд, ки шаҳрвандони мамлакат вазифадоранд зери Парчами давлатӣ боз ҳам бештар муттаҳид шаванд, барои ҳифзи марзу буми Ватан ва таҳкими давлатдории нав ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои миллию давлатиро дифоъ намоянд, барои расидан ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саъю кӯшиш намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»










«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






