Имсол дар Тоҷикистон парвариши чорво дар қиёс ба соли 2021 4,3 фоиз афзоиш ёфтааст

Ноябрь 19, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 19.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чорводорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ба шумор рафта, рушди он аз масъулияти баланди мутахассисон ва олимони соҳа вобастагии калон дорад. То 1-уми октябри соли равон дар ҳамаи категориҳои хоҷагиҳои мамлакат саршумори чорвои калони шохдор 2507, 8 ҳазор сарро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102, 4 ҳазор сар ё 4,3 фоиз зиёд мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, то давраи зикршуда саршумори асп 85213 сарро ташкил дод, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 993 сар зиёд мебошад. Ба ҳолати 1-уми октябри соли равон саршумории умумии чорвои калон-қутосҳо 28390 сар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод соли гузашта ба 29320 сар расида буд. Аз ин муқоиса бармеояд, ки имсол саршумори қутосҳо то 930 сар кам гардидааст.

Дар даҳ моҳи соли 2022 саршумори гўсфанду буз 6272, 3 ҳазор сар ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли пешин 252, 3 сар ё 4, 2 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ҳисоби умумӣ, 93, 1 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 81, 3 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ВМКБ-2,1 фоиз, вилоятҳои Суғд -7, 4 фоиз, Хатлон 2, 0 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) 4,8 фоиз зиёд гардидааст.

Бо мақсади амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” қабул намуд, ки он ба баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулот мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир ба Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ чорвои зотӣ ва наслдиҳандаи сергӯшту сершир аз давлатҳои Германия, Федератсияи Россия, Украина ва Беларус ворид карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани хоҷагиҳои зотпарварӣ Фестивал-намоиши чорвои зотӣ гузаронида шуд. Дар Фестивал чорвои калони шохдор, аз ҷумла чорвои хушзоти калони тоҷикии навъҳои сиёҳ-ало, зотҳои шведӣ, сментал ва гӯсфанди зоти тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ, маҳинпашм ва ғайрахо муаррифӣ гардиданд.

Ҳадафи асосии ташкил намудани Фествали мазкур ин муаррифии чорвои зотии дар мамлакат парваришёбанда, тақвият бахшидани ҳамкории хоҷагиҳои зотпарварӣ ва дар ин замина ҳавасмандии аҳолӣ дар самти парвариши чорвои зотӣ маҳсуб мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Ноябрь 19, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид