Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Федератсияи дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд

Ноябрь 19, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Рӯзномаи ҷаласаи аз ду масъала — интихоби Президенти Ташкилоти ҷаъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва интихоби ноиби президент иборат буд.

Пас аз тасдиқи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласа ҳозирин ба баррасии масъалаи аввали Конфронс — интихоби президенти нав шуруъ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур қайд карда шуд, ки дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи дзюдои байналмилалӣ Мариус Визер Президенти феълии Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо хоҳиши худ аз мансабаш истеъфо дода, номзадии Исмоили Маҳмадзоир ба симати Президенти нави Федератсияи дзюдо Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб карда шуд.

Яке аз вазифаҳои муҳими тамоми масъулин ва роҳбарияти тозаинтихоби Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ин дарёфти шумораи бештари роҳхатҳои олимпӣ ва махсусан медали деринтизори олимпӣ мебошад.

Исмоили Маҳмадзоир дар навбати худ барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, афзуд ки баҳри рушди дзюдо дар мамлакат, дастгирии варзишгарон ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи  варзишии кишвар  тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад.

Исмоили Маҳмадзоир тӯли солҳои охир ба густариши варзиш ва оммавӣ гардонии тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  дар самти дастгириии дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб нақши босазо гузошта истодааст. Дар баробари ин клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф»-ро сарпарастӣ намуда, дар тарбияи дзюдочиёни  наврасу ҷавон саҳмгузор мебошад.

Ҳамзамон аз рӯйи  масъалаи дуюми  рӯзномаи ҷаласа Нурулло Лоиқ ба вазифаи ноиби Президенти  ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2022-2026 пешниҳод гардида, якдилона  аз ҷониби иштирокчиён  қабул шуд.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд