ИСТИҚБОЛИ АРЗАНДА. Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов бо медали тилло ба Ватан баргашт

Ноябрь 9, 2022 11:50

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 9 ноябр  дзюдочии маъруфи тоҷик Темур Раҳимов бо медали тиллои  «Baku Grand Slam 2022» аз шаҳри Боку ба Душанбе баргашт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». 

Темур Раҳимовро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, намояндагони бахши варзиши шаҳри Душанбе, ҷавонону варзишгарон, ҳаводорону мухлисони  варзиш, наздикону пайвандон, дӯстон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ин варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Baku Grand Slam 2022», ки 4-6 ноябр дар пойтахти Озарбойҷон- шаҳри Боку баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило медали тилло ба даст овард. Ӯ дар таърихи дзюдои тоҷик аввалин варзишгарест, ки дар мусобиқоти «Grand Slam» соҳиби медали тилло гардид.


Темур Раҳимов дар рӯзи охирини мусобиқа дар Боку – 6 ноябр ба рақобат дар вазни беш аз 100 кило аз даври дуюм муқобили Серафим Компаниез аз Исроил дастболо шуд. Баъдан паҳлавони 25-солаи тоҷик дар даври чаҳорякфиналӣ Саба Инанейшвилиро аз Гурҷистон шикаст дод.

Дар даври нимфиналӣ Темур бар Мартти Пуумалайнен аз Финландия пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Дар даври финалӣ Раҳимов бо паҳлавони 23-солаи узбек Алишер Юсупов қувваозмоӣ карда, бар рақибаш бо имтиёзи «иппон» ғолиб омад.

Темур Раҳимов ба ҷуз аз медали тилло бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 евро мукофотонида шуд. Инчунин соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардид ва мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтарин дздочиёни ҷаҳон дар вазни сангинтарин нигоҳ дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар пойтахти Озарбойҷон 12 дзюдочӣ намояндагӣ карданд. Варзишгари дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар ин мусобиқа медали нуқра ба даст овард.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами  Эмомалӣ ба Темур Раҳимов хона ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 000 сомонӣ туҳфа намуданд.
«Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов — узви   дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» хонаи 2-ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор ва ба Муллораҷаб Халифаев — дастпарвари «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 000 сомонӣ тақдим карда шуд», — омадааст дар иттилоия.

Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо соли оянда баргузории мусобиқаи «Grand Prix Dushanbe, 2023-2026» дар пойтахти мамлакат ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзҳои наздик гуфтушунид ва тасвиби шартнома ҷиҳати баргузории мусобиқа дар назар дошта шудааст. Аллакай корҳо барои  баргузории ин мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо  оғоз гардидаанд.

Дзюдо яке аз намудҳои дӯстдоштании варзиш миёни мардуми тоҷик ба шумор рафта, ҳоло дар қаламрави кишвар дар марҳилаи нави инкишоф қарор дорад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2022 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд