Конститутсияи Тоҷикистон сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшид

Ноябрь 5, 2022 12:38

ДУШАНБЕ, 05.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба муносибати Рӯзи Конститутсия таҳти унвони «Конститутсия — муқаддасоти миллӣ ва бахтномаи шаҳрвандони Тоҷикистон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур хабар доданд.

Дар ҷаласа Раиси Раёсати бонки саноативу содиротии Тоҷикистон, Ҳокимшоҳ Бобозода, Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории Бонк иштирок намуданд.

Ҳокимшоҳ Бобозода оид ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақил ибрози назар намуд.

«Бо шарофат ва риояи меъёрҳои Конститутсия пояи давлату Ҳукумат ва ҷомеа таҳким ёфта, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор гардида, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон таъмин гашт. Имрўз барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам омадааст, ки ин ҳама ба ин санади сарнавиштсоз алоқамандӣ дорад»,-илова кард Ҳокимшоҳ Бобозода.

Дар идома Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода вобаста ба моҳияти асосӣ ва дарки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва эътироф шудани ин бахтномаи миллат миёни даҳгонаи беҳтарини Конститутсияҳои дунё ибрози андеша намуд.

Номбурда зикр кард, ки ин ҳама созандагию ободкорӣ ва суботи сиёси кишвар аз талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат маншаъ гирифта, ҷаҳониён имрӯз ин санади муқаддаси моро ва таҷрибаи комили миллати тоҷикро дар самтҳои мухталиф истифода мебаранд.

Дар охир иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти фаъолияти корӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: «Саноатсодиротбонк»

Ноябрь 5, 2022 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1060 то 0.1080 муқаррар шудааст
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI рушди маблағгузории устуворро баррасӣ намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2516 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ 0,17 фоиз баланд шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1080 то 0.1195 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳаҷми дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ зиёд гардидааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 дороиҳои «Саноатсодиротбонк» 1,3 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2500 то 9.2700 сомонӣ сомонӣ муқаррар шудаас
«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст