Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 17, 2026 17:57

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея (KoFIU) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ин санадро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Корея роҳбари Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея Хён Ҷу Ли ба имзо расониданд.

Ёддошти тафоҳум ба рушди ҳамкории дуҷониба дар самти мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ оид ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм равона гардида, барои тақвияти ҳамкории касбӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея дар назди Комиссияи хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Корея фаъолият намуда, яке аз мақомоти калидии ин кишвар дар низоми муқовимат ба ҷиноятҳои молиявӣ мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2026 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст