Масъалаи ҷалби сармоягузорони уммонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд

Ноябрь 22, 2022 14:45

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Уммон Зубайдулло Зубайдзода бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Уммон Ризо Ҷумъа Оли Солеҳ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони уммонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ миёни ду кишвар, инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.

Худи ҳамон рӯз ҳамчунин мулоқоти сафир бо роҳбари мақомоти авиатсияи граждании Уммон Ноиф ибни Алӣ ал-Абрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ миёни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Уммон ва кушодани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар баррасӣ шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 22, 2022 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд