Муаррифии ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 дар Шарм-уш-Шайхи Миср
ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср ташкил гаридааст, дар мавзӯи «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии пиряхҳо» дар доираи COP-27 чорабинии канорӣ гузаронида шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки созмондиҳандагони чорабинии канорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии метеорология мебошанд.
Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 аз ҳадафҳои асосии чорабинии канорӣ дар доираи КОП-27 мебошад.
Зимни чорабинии канорӣ олимон, сиёсатмадорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор масъалаи таҳияи муштараки «Харитаи роҳ»-ро бо мақсади таҳкими иқтидори ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Агентии обуҳавошиносӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии канорӣ Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода ва муовини директори генералии Созмони ҷаҳонии метеорология Елена Манаенкова сухан гуфтанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






