МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШИИ ЗЕҲНӢ. Вазоратҳои нақлиёт ва мудофиа сазовори ҷойи якум гардиданд

Ноябрь 17, 2022 16:35

 ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи июл то 17 ноябр миёни дастаҳои вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ  мусобиқаҳои варзишиии зеҳнӣ оид ба шашкаву шоҳмот  ва тенниси рӯи миз баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи намудҳои шашкаву шоҳмот ҷойи якум ба дастаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми дуюм ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зинаи сеюм ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сазовор дониста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Инчунин дар мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз аз рӯи баҳои доварон муайян гардид, ки ҷойи якумро дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми дуюмро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зинаи сеюмро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гаштанд.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз ва шашкаву шоҳмот аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода ҷом, диплом, медал ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 22 ҳазору 800 сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Миёни кормондони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футболи хурд идома дошта, дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст ва ғолибону ҷоизадорон қадршиносӣ мегарданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2022 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд