Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол миёни дастаҳои бонувони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд

Ноябрь 5, 2022 12:09

ДУШАНБЕ, 05.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол (бонувон), ки миёни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баргузор шуд, муайян гардиданд. Ҷойи якумро дастаи  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зинаи  дуюмро  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми  сеюмро  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гаштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ гардид.

Дар он 17 даста аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштирок карда, миёни ҳам рақобат намуданд.


Ғолибону ҷоизадорони чорабинӣ аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо ҷом, диплом, медал ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Барои ғолиби ҷойҳои якум — 6 ҳазор сомонӣ,  дуюм -4 ҳазор сомонӣ ва  сеюм — 2 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида буд, ки маблағҳои мазкур  дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Инчунин миёни кормондони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд, шашкаву шоҳмот ва тенниси рӯи миз идома дошта, дар арафаи таҷлили 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ мегарданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2022 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид