Нишасти навбатии СААД соли 2023 дар Минск баргузор мешавад

Ноябрь 25, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 25.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нишасти навбатии сарони Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар семоҳаи чоруми соли 2023 дар Минск баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе хадамоти матбуоти СААД хабар додааст.

«Иҷлосияи навбатии ШАД (Шӯрои амнияти дастҷамъӣ)-и СААД дар семоҳаи чоруми соли 2023 дар шаҳри Минск баргузор мешавад»,- хабар доданд дар созмон аз рӯи натиҷаҳои нишасте, ки 23 ноябр дар Ереван доир шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, раёсат дар СААД дар давраи нави миёни иҷлосияҳо ба Беларус гузашт. Қаблан президенти ҷумҳурӣ Александр Лукашенко таъкид кард, ки Беларус раёсати СААД-ро «дар давраи буҳрони низомии равобити байналмилалӣ» ба уҳда мегирад.

«Шиддатёбии бесобиқаи вазъияти низомию сиёсӣ дар қитъаи Авруосиё, бархӯрдҳои минбаъда дар масъалаи сохти нави ҷаҳонӣ хеле аёнанд»,- гуфт Лукашенко рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти пленарии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар Ереван.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки «раёсати Беларус тамоми талошҳои дипломатиеро, ки ба коҳиши ташаннуҷ, коҳиши иқтидори низоъ ва ҳамчунин боло бурдани сатҳи эътимоди мутақобила тавассути амалҳои муштараки аъзои СААД нигаронида шудаанд, ба харҷ хоҳад дод».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд