НОБАРОБАРИИ ИҚЛИМӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ дар Шарм-уш-Шайх таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба чӣ ҷалб намуданд?

Ноябрь 9, 2022 11:18

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хушксолӣ ва обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим мушкилии мубрами миқёси ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Дар ин бора дирӯз, 7 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 27) иброз доштанд.

Ба изҳори Сарвари давлат, Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди кӯҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. «Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд», — зикр карданд Пешвои миллат.

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ кишвари мо дар ҷойи 130-юм қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд.

«Зиёда аз 98 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне «энергияи сабз», бахусус гидроэнергетика ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорем.

Ҳамзамон мо нақша дорем, ки то соли 2050 ҳиссаи худро дар иҷрои стратегияи «сифр – партов» тавассути рушди «энергияи сабз» боз ҳам афзоиш диҳем»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.

Дар асл, сухан дар бораи нобаробарии иқлимӣ меравад. Ин чист?

Индекси нобаробарии иқлимӣ- нишондиҳандаест, ки таносуби партовҳои газҳои гулхонаии иқтисоди миллии кишвар ва гармшавиеро, ки дар қаламрави он дар асри 21 дар назар аст, инъикос менамояд.

Донишмандони амрикоӣ аз Донишгоҳи Дюк дар Каролинаи Шимолӣ соли гузашта шохиси нобаробарии иқлимиро барои 192 кишвари узви СММ ҳисоб карданд. Бар асоси ҳисобҳои дар маҷаллаи Science Advances нашршуда, Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми 7-умро касб кардааст.

Тавре маҷалла қайд мекунад, ин чунин маъно дорад, ки зарар ба табиати Тоҷикистон аз гармшавии глобалӣ нисбат ба миқдори газҳои гулхонаӣ дар мамлакат ба таври нобаробар зиёд хоҳад шуд.


Ба гуфтаи олимон, 90% тамоми партовҳо танҳо дар 8% замин пайдо мешаванд. Миқдори зиёди газҳои гулхонаиро минтақаҳои сераҳолӣ, ки миёни аз 30 то 55 дараҷаи арзи шимолӣ ҷойгиранд, партоб мекунанд. Пешсафон минтақаҳои наздисоҳилии Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Тайван, инчунин Аврупо, аз ҷумла Россия ва соҳилҳои Атлантикаи ИМА маҳсуб мешаванд.

Мушкилоти асосӣ дар эҷоди манзараи муносиби гармшавии глобалӣ дар он аст, ки он раванди сайёравиест, ки дар он тамоми давлатҳои ҷаҳон ва омилҳои зиёди табиӣ ҷалб шудаанд. Партовҳои газҳои гулхонаӣ аз қаламрави як кишвар метавонад боиси баланд шудани ҳарорат дар қаламрави кишвари дигар гардад, ки «нобаробарии иқлимӣ» ба вуҷуд меорад.

Маҳз ҳамин ҳақиқатро дирӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён расониданд. Ҳақиқат дар мавриди он ки саҳми Тоҷикистон дар гармшавии глобалӣ хеле кам аст, зеро ҳиссаи кишвар дар партовҳои глобалӣ ҳамагӣ 0,0003% аст. Илова бар ин, Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созишномаи Париж уҳдадории ихтиёрӣ гирифтааст, ки ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро аз сатҳи соли 1990 дар ҳудуди 80-90% зиёд накунад. Дар сурати дастгирии байналмилалӣ ин рақам метавонад то 65-75% аз сатҳи ибтидоӣ коҳиш ёбад ва то соли 2050 ба сифр баробар шавад.


Барои ин Тоҷикистон иқтидори тавлиди неруи «сабз»-ро ду баробар афзоиш медиҳад. Президенти Тоҷикистон чунин меҳисобанд, ки коҳиши партовҳо ба ҳаво умдатан аз ҳисоби идомаи азхудкунии манбаъҳои ғании неруи барқи таҷдидшаванда – гидроэнергетика ва неруи офтобӣ ба даст меояд.

Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2022 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид