Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон таъсис ёфт

Ноябрь 15, 2022 10:52

ДУШАНБЕ, 15.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори  Рустами Эмомалӣ Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис ёфт. Дар ин бора дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Таъсиси ҷоизаи мазкур бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» ва амалӣ намудани «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 марти  соли 2022 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.

Тавре дар Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи низомномаи озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок дар озмунро доранд, ки синнашон то 30-сола бошад.

Ҷоизаҳо аз рӯйи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешаванд:

-Илмҳои дақиқ – фаъолияти илмиву эҷодӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;

-Адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор);

-Рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);

-Санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандии саҳнавӣ, расмҳои кашидаи дорои хусусияти тарбиявӣ, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра);

— Меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити шаҳри Душанбе мувофиқ бошад).

— Техникону технологон — такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст кардани таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);

— Инноватсияву ихтироъкорӣ (татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди неруи инсонӣ, рушди инфрасохтор, амалан татбиқ кардани чор самти стратегии мамлакат, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, амалисозии усулҳои нави таълим ва тадқиқоти илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда ваистифодаи технологияҳои иттилоотӣ.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 15, 2022 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид