Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар чемпионати Аврупо дар Гурҷистон иштирок мекунад

Ноябрь 22, 2022 13:41

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Гории Гурҷистон Чемпионати Аврупо миёни бузургсолон (European Judo Championships — Champions League (W&M) 2022) баргузор мегардад. Ягона намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 килограмм аст, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар чемпионат рақобатҳо аз рӯи 10 вазн (5 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) миёни 161 варзишгар аз 26 кишвари ҷаҳон доир мешаванд.Ёдовар мешавем, ки ҳоло Темур Раҳимов миёни сангинвазнҳо дзюдочии рақами яки ҷаҳон аст.

Хотиррасон мешавем, ки дар Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз 4 то 6 ноябр бо иштироки 391 варзишгар (227 мард, 164 зан) аз 63 кишвар доир шуд, Тоҷикистонро 12 нафар варзишгарони шинохта намояндагӣ карданд ва танҳо ба Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг муяссар шуд, ки соҳиби медали фахрии ин мусобиқа шаванд.

Чанде пеш бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов хонаи дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор дар шаҳри Душанбе ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 000 сомонӣ ба хотири боло бардоштани ливои меҳан дар мусобиқаи ҷаҳонӣ инъом карда шуд.

Бояд гуфт, ки аз ин пеш, яъне 26 октябри ҳамин сол Темур Раҳимов дар Мусобиқаии байналмилалии «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Ин медали 4-уми Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои байналмилалии Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Инчунин Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардид ва мавқеашро ҳамчун варзишгари рақами яки сайёра нигоҳ дошт.

АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо

Ноябрь 22, 2022 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад