Пагоҳ дар Тоҷикистон Фестивали картошка баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 25.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор мегардад, ки дар он навъҳои гуногуни картошка ва хони аз хӯрокҳои картошка омодашуда пешниҳод мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.
Дар ин рӯз ба беҳтарин картошкапарварони мамлакат аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Диплом ва туҳфаҳо тақдим мегарданд. Инчунин сокинони пойтахт имкон доранд, ки баъд аз анҷоми фестивал бо нархҳои дастрас картошка харидорӣ намоянд.
Ба гуфтаи олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка яке аз зироати асосии хӯрокӣ барои аҳолии кураи Замин ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (соли 2010), аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсолӣ баъд аз гандум ва шолӣ картошка дар дунё ҷои сеюмро ишғол менамояд.
Ин зироат ҳар сол дар дунё дар майдони бештар аз 20 млн гектар кишт гашта, аз он бештар аз 300 млн тонна ҳосил ба даст оварда мешавад. Аз лӯндаҳои картошка зиёда аз 200 намуд таом тайёр менамоянд. Яке аз хусусияти хуби лӯндаҳои картошка дар он зоҳир мегардад, ки сафедаҳои онҳо дар организм ба осонӣ ҳазм гашта, ба сафедаи шир хеле шабоҳат доранд. Лӯндаҳои картошка ҳамчун хӯроки серғизои одамон, ҳайвонот ва ашёи хом дар саноати сабук истифода мегарданд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 56 092 гектар кишти картошка гузаронида шудааст. То 1 ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 939 ҳазору 342 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1930 тонна зиёд мебошад. Тибқи дурнамо, имсол ҷамъоварии 1 миллиону 108 ҳазор тонна картошка пешбинӣ гардидааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






