ПАРЧАМБАРДОРОН. Се нафар варзишгарони тоҷик Чемпиони ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу шуданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 18 ноябр дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу баргузор гардид, ки дар он ҳашт нафар варзишгарони тоҷик иштирок карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷиу-ҷитсуи мамлакат.
Аз байни варзишгарони мо бародарон Абубакр (27 кг) ва Мунис (30 кг) Давлатовҳо ва Билол Умаров (56 кг) оид ба ҷиу-ҷитсу Чемпиони ҷаҳон шуданд.
Се нафари дигар дар ЧҶ-2022 дар ин навъи варзиш соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. Инҳо Султон Азаматов (27 кг), Шаҳром Маҳмуродов (56 кг) ва Ораз Ёқутхонов (65 кг) мебошанд.
Ба гуфти президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи мамлакат Раҷабалӣ Турсунзода, варзишгарон дар чемпионати ҷаҳон бо мусоидати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
АКС: Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






