ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ШУМО ЧИСТ? Бо ин суол хабарнигорони АМИТ «Ховар» ба роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони касбу кори гуногун муроҷеъ шуданд

Ноябрь 24, 2022 16:00

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, хабарнигорони АМИТ «Ховар» ба роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони касбу кори гуногун занг зада, нуқтаи назари онҳоро дар бораи аҳамми арзишҳои волотарин рамзи давлатии кишварамон пурсон шуданд.

Посухҳои онҳоро дар зер манзуратон мегардонем.

 

Саъдӣ КАРИМЗОДА, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Парчам ҳамчун рамзи кишвари озод ва давлати мустақил мояи ифтихори ҳар миллат мебошад.

Парчами давлатӣ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.


Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам — маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Парчами давлатӣ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мақсад аз таҷлили санаи мазкур — эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.


Абдуллои РАҲНАМО, коршинос:

— Дар Суруди миллии мо як сатри зебое ҳаст: «Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем…». Яъне мо ваъда медиҳем, мо савганд ёд мекунем, ки эй Ватан, эй Тоҷикистон ман ба зери парчами ту саф кашидаам, фақат парчами туро эътироф мекунам ва ба ин парчам содиқам. Дигар парчамро эътироф намекунам, ба зери дигар парчам намеравам.

Ҳар гоҳ, ки зимни хондани Суруди миллӣ ин мисраъ фаро мерасад, мо бояд эҳсосе дошта бошем, ки гӯё мо бо Ватан суҳбат дошта, аҳд мебандем, ки ба зери парчами ту саф мекашем ва ба ту содиқ мемонем. Ҳамин аст арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ.


Қурбон ҲАКИМЗОДА, Раиси вилояти Хатлон:

— Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он яке аз вазифаи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Бигузор Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар қалби ҳар сокини вилоят ва ҷумҳурӣ муҳаббат ба Ватану миллатро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон ҷилвагар бошад!


Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар мебошад.

Таманнои онро дорам, ки Парчами Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамеша парафшон бошаду мардуми шарафманди тоҷикон зери дирафши нангу номуси ватандорӣ ҳамеша сарбаланд.


Хуршед КАРИМЗОДА, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон :

— Парчами давлатии ҳар кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, рамзи бисёрмаъно буда, ба воситаи муқоиса дар ақли инсон дарк мешавад. Он тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар Парчами давлатии мо акс ёфтааст, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардааст.

Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами давлатӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад.


Зафаршо ИБРОҲИМЗОДА, Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»:

— Парчам-рамзи давлатдорӣ, иттиҳод ва ҳамбастагӣ буда, парчам ва парчамдорӣ дар фарҳанги давлатдории тоҷикон таърихи хеле қадим ва рангин дорад.

Он ифодагари сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва бақои давлату миллати тоҷик мебошад Даврони навини давлатдории миллати тоҷик дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллат оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.


Убайдулло АСРОРЗОДА, Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор:

— Парчами давлатӣ чун бахту саодат ва сарбаландии миллату давлат симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии моро таҷассум менамояд. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолияту озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.

Инак, 30 сол аст, ки зери Парчами парафшон ва сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ сӯйи созандагӣ қадамҳои устовор мегузорем.


Ато МИРХОҶА, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон:

— Парчами давлатӣ барои ман рамзи ҳастии Тоҷикистон, ҳузури он чун қаламрави мустақил дар рӯи Замин, мавҷуд будани миллате бо номи тоҷик дар сайёра ва доштани азизтарин марзу буме дар ҷаҳони бузург мебошад, ки номаш Ватан аст!

 

 

Дилноза АҲМАДЗОДА, муовини Директори Агентии хизматии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Парчами давлатӣ- ин нангу номуси миллат, сарбаландию сарфарозӣ, нишонаи устуворӣ ва пойдории ҳокимияти давлатӣ, музаффарияти комил дар таъминоти ягонагиву сарҷамъӣ, муттаҳидиву тифоқии мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар аст.

Рангҳои Парчами давлатӣ ифшокунандаи ҷоннисориҳо ва заҳматҳои миллати асил барои пойдории сулҳи комил, нигоҳдорӣ ва ҳифзи асолатҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, забон, интихоби роҳи рости зиндагӣ, сарсабзиву шукуфоӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои миллати тоҷик аст.


Умедҷон НОСИРЗОДА, муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:

— Мо имрӯз он лаҳзаи сарнавиштсози таърихиро, ки 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ қабул гардида буд, бо ифтихори баланд ба хотир меорем. Зеро қабули Парчами давлатӣ дар оғози давлатдории навини тоҷикон, яъне марҳилаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муҳим ва саривақтӣ буд.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, баландтарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Мо имрӯз бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошем ва ин муқаддасотро мисли гавҳараки чашм нигаҳ дорем.


Нигорахон ҒАФФОРЗОДА, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Парчами миллӣ бароям хеле муқаддас аст, зеро он рамзи муҳими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таҷассуми давлатдории қадимии тоҷикон аст. Ман худ борҳо эҳсос кардаам, ки он бароям чӣ қадар муқаддас аст. Вақте фарзандамро аз овони кӯдакиаш то имрӯз дар озмунҳои байналмиллалӣ раҳнамоӣ мекардам ва ҳангоми ғолибият Парчами Тоҷикистон дар саҳнаҳои калонтарини ҷаҳон бардошта мешавад, маро эҳсоси ногуфтанӣ, ифтихору сарбаландӣ аз тоҷик будан фаро мегирад.

Дар пеши назарам симои Пешвои миллат, ки аввалин бор Парчами Тоҷикистонро дар Қасри Арбоб бӯса карда буданд, ҳувайдо мегардад. Парчами Тоҷикистон номусу ғурури миллати тоҷик аст. Парчамат ҳамеша парафшон бошад, Тоҷикистони азизи ман!!!


Шермуҳаммад ШОҲИЁН, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Парчами давлатӣ мояи ифтихори сокинони Тоҷикистон, рамзи мустақилияти давлат, ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои ободу осуда буда, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа дар назди таърих, наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад!


Музаффар АШУРИЁН, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Парчами давлатӣ аз рӯзи қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.

Парчами давлатии мо барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва боз ҳам сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишанд бозида, омили муҳими таъмини ин арзишҳо дар оянда мебошад.


Илҳомҷон ОЙМУҲАММАДЗОДА, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Ин муқаддасоти миллӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дошта, дар қалби ҳар шаҳрванди кишвар ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор менамояд.


Раҳим САИДЗОДА, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Парчам дар тӯли садсолаҳо мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдорӣ мақому манзалати махсус дорад. Вақте ба таърихи гузаштаи халқамон назар меафканем, мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми сарзамини худ ҷонбозиҳо кардаанд.

Дар ҷаҳони муосир ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам- маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллиро дорад.


Мавсума МУИНӢ, Раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд:

— Барои ман Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдорӣ маҳсуб шуда, ҳамасола санаи қабули онро бо эҳсоси баланди миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва давлати соҳибистиқлоли хеш интизорӣ мекашам. Маҳз бо шарофати ин рамзи муқаддас, яъне Парчами давлатӣ дар кишвари маҳбубамон зери роҳбариву сиёсати бобарору дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот пойдор гардида, имрӯз Тоҷикистони муқаддас ба давлати ободу пешрафта табдил ёфтааст. Бо итминони комил изҳор медорам, ки кулли сокинони кишвар минбаъд низ бо илҳом аз парафшонии Парчами миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, тақвияти иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёр ва баланд бардоштани мақому обрӯи он раванди созандагиву бунёдкориро вусъати бештар мебахшанд.


Абдулло РАҲМОНЗОДА, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Воқеан, дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ- ин нишонаи истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва вахдати миллӣ буда, давлати муосирро тавассути парчами он мешиносанд. Ба ҷо овардани эҳтиром нисбат ба Парчам қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хоси ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст.

Имрўз Парчами миллӣ ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос менамояд.

Имрӯз ба хотири варзишгарони мо Парчами Тоҷикистон дар миёни садҳо кишварҳои ҷаҳон парафшон гардида, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад, ки ин нишони миллати тамаддунофару куҳанбунёд будани тоҷикон аст.


Муҳриддин НИЗОМӢ, Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор:

— Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаммароми «Дирафши Ковиёнӣ»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: сурх-озодиву истиқлол, сафед — сулҳу оромӣ, сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

 

Мусоҳибон:
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Марзия САИДЗОДА,
София ШОИК,
Шаҳлои САДРИДДИН,
Зарангези ЛАТИФ,
хабарнигорони
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2022 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад
21-УМИ МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ПАЗИРОИИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода
Нақши «дипломатияи фарҳангӣ» дар ташаккули симои мусбати давлат дар хориҷа назаррас аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад
ПИРЯХҲО-ҚИСМИ МУҲИМИ БИОСФЕРА ВА ОБЪЕКТИ ТАҲҚИҚОТИ ГЕОЭКОЛОГӢ. Андешаҳои дотсент Ҳаким Ғаюров дар ин маврид
НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ: АЗ ҶАШНИ МИЛЛӢ ТО БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Наврӯз ҷашни бостонӣ ва покию садоқат аст
Барои беҳтар намудани вазъи китобхонаҳо ва тарғиби бештари китоб чӣ тадбирҳо бояд андешид?
ПАЙДО ШУДА ДАР СУХАН МУҲАММАД ҒОИБ. Андешаҳо дар мавриди симои инсонии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб
«ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН…». Андешаҳо дар ҳошияи таъкидҳои Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
ПЕШВОИ МИЛЛАТИ НАВРӮЗ. Наврӯз чун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ мардумро ба бунёдкорӣ даъват менамояд
«ТОҶИКИСТОН-ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамдилӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқона – сипари боэътимод ба муқобили ҷаҳолат, хурофот ва хатару таҳдидҳои замон